
Дар мақола масъалаҳои моделиронии сатҳи шуғли аҳолӣ дар шароити иқтисодиёти гузариш баррасӣ шудаанд. Муаллифон омилҳои таъсиррасон ба бозори меҳнат, нишондиҳандаҳои шуғл ва бекорӣ, инчунин имконияти истифодаи моделҳои иқтисодӣ-риёзиро барои таҳлил ва пешгӯии вазъи шуғли аҳолӣ таҳқиқ менамоянд. Дар мақола аҳамияти таҳлили оморӣ ва моделсозӣ барои қабули қарорҳои самараноки иқтисодӣ таъкид шудааст.
